Дар Женева доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо нишасти хабарӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 май бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева ва дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) дар қароргоҳи ин Созмон доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, нишасти хабарӣ баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева хабар доданд, дар нишасти хабарӣ намояндагиҳои доимии кишварҳо дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, инчунин созмону ташкилоти байналмилалӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ дод шуд, ки нишасти хабарӣ бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ, ташвиқи иштироки васеъ ва таъкиди зарурати амалҳои таъхирнопазири глобалӣ барои пешгирии обшавии пиряхҳо доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда, натиҷаҳои он ба равандҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла COP30, Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар платформаҳои глобалӣ бахшида мешаванд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






