Даври дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз моҳи июн оғоз мешавад

Май 26, 2025 14:36

ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 30 июн даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 (ИМД-2025) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсоне, ки худро дар даври якуми бақайдгирӣ номнавис карда натавонистанд, гузаронида мешавад.

Довталабоне, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои авваларо иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор худро аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо даври дуюми бақайдгирӣ гузаронида мешавад. Ин довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намоянд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2025 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд