Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» бо иштироки ҳунармандони варзида, ғолибони даврҳои якум ва дуюми озмун аз ҳамаи минтақаҳои мамлакат аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ин фестивал-озмунро дар баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, ифтихори миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, ваҳдату тифоқии аҳли мамлакат воситаи муҳим арзёбӣ намуд.
Дилрабо Мансурӣ таъкид кард, ки рушди ҳунар ва эҳёи ҳунарҳо пайваста таҳти таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ки таҷассумгари симои ҳақиқии миллати эҷодкор ва офаридгори мо мебошанд, аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлати навини тоҷикон иқдом карда шуд.
«Аз нав зинда кардан ва рушд додани анъанаю суннатҳои волою наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя намудан ба ҳунарҳои мардумӣ далели худшиносӣ ва симои хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи ҳунармандӣ сол то сол рушду нумуъ ёфта, барои эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои миллӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади мустаҳкам кардани заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ якчанд санади дахлдор қабул гардида, мавриди амал қарор дода шудаанд»,-иброз намуд муовини Сарвазири Тоҷикистон.
Фестивал-озмун дар байни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ду давр аз рӯи 5 номинатсия: «Армуғони этнографӣ», «Армуғони сайёҳӣ», «Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ», «Армуғон-бозича» ва «Армуғони минтақавӣ» гузаронида шуд. Ба даври ниҳоӣ зиёда аз 100 ғолиби даврҳои якум ва дуюм намунаи беҳтарини ҳунарҳои дастии худро пешниҳод намуданд.
Мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» рушди ҳунари армуғонсозӣ, муаррифии намудҳои гуногуни босифату ташаккули шакли нави маҳсулоти армуғонӣ ва муайянсозии тамоюлоти нави ин соҳа мебошад. Инчунин ба ин восита тарғиби истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ бо истифодаи рамзҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон бештар мешавад.
Тамошои маҳсули дасти ҳунармандон бори дигар собит менамояд, ки ҳунарҳои миллӣ рисолати нигоҳдошти арзишҳои фарҳангӣ дошта, аз насл ба насл дода мешаванд. Ҳамзамон талошҳои Ҳукумати мамлакат барои таъмини шуғли пурмаҳсул натиҷаҳо ба бор оварда, имрӯзҳо дар ҳамаи марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат дӯкону растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ кушода шудаанд. Ин иқдом аз соли 2019 инҷониб идома дошта, дар айни замон ҳудуди 500 дӯкон ва зиёда аз 1000 гӯшаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат 18 ҳазору 654 ҳунарманд аз рӯи 167 касбу ҳунар маҳсулоти ҳунармандию косибӣ истеҳсол менамоянд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҳунармандон соли 2022 ба 65,4 миллион сомонӣ, соли 2023 ба 80 миллион сомонӣ ва соли 2024 ба 102 миллион сомонӣ расид. Маҳсулоти истеҳсолшуда, аз ҷумла ҳамчун армуғон ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод гардиданд.
Армуғоне, ки аз ҷониби ҳунарманди асил сохта мешавад, бе муҳобот, асари санъат аст. Ҳар чизе ки бевосита маҳсули дасти инсон бошад, мавриди таваҷҷуҳи бештари сайёҳону ҷаҳонгардон ва шаҳрвандони хориҷӣ қарор гирифта, қиматаш низ бештар аст.
Дар фестивал-озмун аз ҷониби ҳунармандон ҳунари кашидадӯзӣ, порадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кундалнигорӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, аъҷубасозӣ, коркарди санг, чарм, чӯб ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар озмун ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо маҳсулоти ҳунармандии ба озмун пешниҳодшударо баҳогузорӣ намуда, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон барои ҳамкорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, иттифоқҳои ҳунармандон, дизайнерон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир карда шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»