Директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Форуми имрӯза имконияти бисёр муҳиме аст, ки метавонем паёмҳои худро бигӯем»

Май 29, 2025 18:25

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осиёи Марказӣ болоравии ҳарорат ва афзоиш ёфтани офатҳои табиӣ ташвишовар  мебошад. Ин метавонад ба кӯдакон ва ҷомеаи осебпазир таъсир расонад. Зеро дар ҳолати об шудани пиряхҳо 27 фоизи обе, ки аз онҳо сарчашма мегирад, сарф шуда, хушксолӣ ба миён меояд. Чунин иброз намуд Директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кетрин Рассел имрӯз дар Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ), иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Директори иҷроияи ЮНИСЕФ изҳор дошт, ки форуми имрӯза имконияти бисёр муҳим мебошад, ки мо паёмҳои асосии худро бигӯем. «Ҳукуматҳо бояд эътироф намоянд, ки ҷавонон ва кӯдакон қишре мебошанд, ки ба онҳо бояд  гӯш диҳем ва онҳоро ба ин раванд ҳамроҳ намоем», -гуфт ӯ.

Кетрин Рассел иброз намуд, ки ҷавонон дар самти тағйирёбии иқлим дар мадди назар қарор доранд. Зеро ҳар амали онҳо метавонад дар самти муҳити атроф тағйирот ба миён орад. Аз ин хотир онҳо бояд дар тамоми лоиҳаҳо дар самти обу иқлим фаъол бошанд.

Ёдовар мешавем, ки ин форум дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе мегузарад, баргузор гардид.

Дар инъикоси ин чорабинии муҳим беш аз 2500 намоянда аз 80 давлати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд иштирок доранд. Чорабиниро беш аз 350 хабарнигор, аз ҷумла беш аз 150 нафар аз расонаҳои хориҷӣ, аз қабили «Euronews», «Al Jazeera» ва шабакаҳои телевизионии пешбари Осиё инъикос менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд