Директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Форуми имрӯза имконияти бисёр муҳиме аст, ки метавонем паёмҳои худро бигӯем»
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осиёи Марказӣ болоравии ҳарорат ва афзоиш ёфтани офатҳои табиӣ ташвишовар мебошад. Ин метавонад ба кӯдакон ва ҷомеаи осебпазир таъсир расонад. Зеро дар ҳолати об шудани пиряхҳо 27 фоизи обе, ки аз онҳо сарчашма мегирад, сарф шуда, хушксолӣ ба миён меояд. Чунин иброз намуд Директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кетрин Рассел имрӯз дар Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ), иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Директори иҷроияи ЮНИСЕФ изҳор дошт, ки форуми имрӯза имконияти бисёр муҳим мебошад, ки мо паёмҳои асосии худро бигӯем. «Ҳукуматҳо бояд эътироф намоянд, ки ҷавонон ва кӯдакон қишре мебошанд, ки ба онҳо бояд гӯш диҳем ва онҳоро ба ин раванд ҳамроҳ намоем», -гуфт ӯ.
Кетрин Рассел иброз намуд, ки ҷавонон дар самти тағйирёбии иқлим дар мадди назар қарор доранд. Зеро ҳар амали онҳо метавонад дар самти муҳити атроф тағйирот ба миён орад. Аз ин хотир онҳо бояд дар тамоми лоиҳаҳо дар самти обу иқлим фаъол бошанд.
Ёдовар мешавем, ки ин форум дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе мегузарад, баргузор гардид.
Дар инъикоси ин чорабинии муҳим беш аз 2500 намоянда аз 80 давлати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд иштирок доранд. Чорабиниро беш аз 350 хабарнигор, аз ҷумла беш аз 150 нафар аз расонаҳои хориҷӣ, аз қабили «Euronews», «Al Jazeera» ва шабакаҳои телевизионии пешбари Осиё инъикос менамоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд






