Донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода дар олимпиадаи байналмилалии «Англисони ҷавон» ҷойи сеюмро соҳиб гардид

Май 11, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 11.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси забони англисии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода Одинахон Асадова дар олимпиадаи «Англисони ҷавон», ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба тариқи маҷозӣ баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 7 нафар иштирокчӣ аз Тоҷикистон дар ин олимпиада Одинахон Асадова ғолиб омада, ба даври дуюми озмун, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Абузабӣ баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Бояд гуфт, ки хонандагони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, бо гирифтани медалу ҷоизаҳо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Чанде пеш аз 24 то 30 апрел дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва зеҳни сунъӣ баргузор шуд, ки хонандагони тоҷик 60 медал: 12 медали тилло, 12 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 11, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад