Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуард Стипрайс мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин масъалаҳои рушди устувор, амнияти минтақавӣ ва тағйирёбии иқлим изҳори андеша намуда, ба муҳимияти равобити доираҳои таҳлилию коршиносӣ зимни татбиқи ташаббусҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ диққати махсус зоҳир намуданд.
Эдуард Стипрайс талошҳои Тоҷикистонро дар пешбурди сиёсати созандаи хориҷӣ, бахусус дар соҳаи рушди устувор ва дипломатияи обӣ дар доираи ташаббусҳои Созмони Милали Муттаҳид баланд арзебӣ намуд. Ӯ инчунин нақши муҳими марказҳои илмӣ-таҳлилиро дар ташаккули муколамаи судманд байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода барои ҳамкории созанда ва пайваста бо институтҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори сипос намуда, аҳамияти ҳамкорӣ ва машваратҳои мунтазам бо намояндагони Иттиҳоди Аврупоро барои таҳияи равишҳои мутавозини ҳалли мушкилоти минтақавӣ муҳим ва пурсамар арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо ба густариши мубодилаи коршиносон ва ҳамкории муштарак дар заминаи ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақа, аз ҷумла дар доираи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






