DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 5 медал ба даст оварданд

Май 2, 2025 19:44

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 май, дар рӯзи аввали мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали нуқра, Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ ва Мадина Қурбонзода (дар вазин -52 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа:

 

Занон

-48 кг

1. Анудари Джамсран /Муғулистон/
2. Вэнне Чжуан /Чин/
3. Вакана Инагак /Ҷопон/
3. Абиба Абужакинова /Қазоқистон/

-52 кг

1. Амандин Бюшар /Фаронса/
2. Муҳайё Ахматова /Узбекистон/
3. Бландин Понт /Фаронса/
3. Мадина Қурбонзода /ТОҶИКИСТОН/

-57 кг

1. Сара-Леони Сизик /Фаронса/
2. Наталя Ёлкин /дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо/
3. Ана Пулджиз /Хорватия/
3. Тао Юинг /Чин/

Байни мардон

-60 кг

1. Балабай Ағаев /Озарбойҷон/
2. Меҳрзод Суфиев /ТОҶИКИСТОН/
3. Туменҷаргал Тувшинтур /Муғулистон/
3. Максим Мерлин /Фаронса/

-66 кг

1. Эмомалии Нуралӣ  /ТОҶИКИСТОН/
2. Обид Ҷебов  /ТОҶИКИСТОН/
3. Ёсин Бобокалонов /ТОҶИКИСТОН/
3. Артем Штурбабин /Узбекистон/

Пагоҳ, 3 май дар рӯзи дюуми мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 4 вазн:  — 63 кг, -70 кг  байни занон ва -73 кг ва -81 кг байни мардон қувва меозмоянд.  Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 8 ҷудочӣ иштирок менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Май 2, 2025 19:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд