DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд

Май 3, 2025 10:27

ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи дуюми мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 4 вазн:  -63 кг, -70 кг  байни занон ва -73 кг ва -81 кг байни мардон қувва меозмоянд.

Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 8 ҷудочӣ иштирок менамояд.

Байни мардон

Вазни -73 кг: Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев, Беҳрӯз Хоҷазода, Ворис Назаров

Вазни -81 кг:  Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин  Сайфидинзода.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Дар «Dushanbe Grand Slam- 2025» 226 варзишгар, ки 123 мард ва 103 зан мебошанд ва 27 давлати ҷаҳону 4 қитъаи оламро намояндагӣ менамоянд, иштирок доранд.

Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали нуқра, Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ ва Мадина Қурбонзода (дар вазин -52 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2025 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд