ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ МУКОЛАМАИ ҶАҲОНӢ. Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 2200 нафар тасдиқ шудааст
ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба платформаи калидӣ барои баррасии сарнавишти пиряхҳо ва хатарҳои иқлимӣ табдил меёбад.
Аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Беш аз 2200 нафар аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштироки худро дар ин конфронс тасдиқ намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо намояндагони 65 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 70 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла як нахуствазир, панҷ ноиби президент, панҷ муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ёздаҳ вазир ва дигар мақомоти баландпоя иштирок менамоянд. Интизор меравад, ки конфронс марҳилаи муассир дар таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим шавад, зеро аҳамияти он сол то сол муҳимтар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
АКС: котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






