Эмомалӣ Раҳмон: «Рӯзи ҷаҳонии футбол боз як нишонаи нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он Рӯзи ҷаҳонии футбол расман ба тақвими байналмилалӣ ворид гардид.
Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ин иқдоми созандаро як далели дигар аз нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш шумориданд.
«Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳимми солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад», — изҳор доштанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин намуди зебои варзиш ҳоло на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар рушд ёфта, ҳамчун унсури муҳимми тарбияи ҷисмониву маънавӣ мавқеи хосса пайдо кардааст.
Ҳамчунин, тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо футбол дар Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, шумораи ҳаводорону варзишгарон, махсусан, миёни наврасону ҷавонон пайваста меафзояд.
АКС аз бойгонӣ








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






