Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ даъват менамояд»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ«Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, ки барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ андешанд.
Дар ин радиф Сарвари давлат барои коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо пешниҳод намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳон ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои рушди устувор диққати махсус зоҳир намоянд. Ҳамчунин бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он ҳамкориро таким бахшанд.
Инчунин барои ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағйирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим ва ҳалли ин масъала пешниҳод намуданд, ки кишварҳои дорои имконияти ҷамъоварии маълумоти дақиқ оид ба ҳолати пиряхҳо, бахусус тавассути зарфияти моҳвораӣ табодули доимии иттилоотро бо давлатҳои дорои имконияти маҳдуд дар ин ҷода ба роҳ монанд.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ татбиқи иқдоми дастҷамъонаро амалӣ намоянд.
«Аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда бо тадбирҳои марбут ба ҳалли мушкилиҳои тағйирёбии иқлим ҳамоҳанг ва наздик мебошанд. Бинобар ин, зарурати мусоидат ба давлатҳо дар татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла дар минтақаҳои осебпазир тавассути равишҳои ҳамгироӣ, аз қабили низомҳои огоҳсозии пешакӣ ва коҳиши хатари офатҳо ба миён меоянд. Аз ин рӯ истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молию фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ дар Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муҳим ва саривақтӣ аст», — баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда таҳия ва татбиқ гарданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад






