Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ ба таҳияи сиёсати муштараки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мо итминон дорем, ки Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи дипломатияи об ва устувории иқлимӣ таҳким бахшида, ба таҳияи сиёсати муштарак барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Ин нукта имрӯз дар Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардид, гуфта шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ намояндаи Парлумони Тоҷикистон Рустам Латифзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, профессор Селеста Сауло, роҳбарони Хадамоти обуҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин директори генералии Институти метеорологии Финландия, профессор Петтери Таалас иштирок намуда, доир ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо сухан намуданд. Нотиқон Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф ва фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, хусусан дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ намуданд.
Дар форум инчунин намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи илмӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва институтҳои рушди устувор ҷамъ омада, масъалаҳои мубрами марбут ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера, таҳкими ҳамкории мутақобили судмандро дар самти мониторинги пиряхҳо ва омӯзиши онҳо баррасӣ намуданд.
Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва креосфера дар Осиёи Марказӣ ҳамчун майдони калидӣ барои мубодилаи дониш ва таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҳифзи криосфера — ҷузъи муҳими экосистемаи минтақа ва манбаи захираҳои обӣ арзёбӣ гардид.
Ҳадафҳои асосии Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баррасии вазъи кунунии пиряхҳо ва криосфера дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақа, таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи мониторинг, таҳқиқоти илмӣ ва мубодилаи маълумот, таҳияи равишҳои ягона барои низомҳои мушоҳида ва пешгӯии тағйироти криосфера, пешбурди стратегияҳои устувори идораи захираҳои обие, ки ба обшавии пиряхҳо вобастаанд ва инчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба осебпазирии экосистемаҳои кӯҳии минтақа мебошанд.
Баргузории Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ иҷрои якчанд вазифаҳоро дар самти муаррифии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба мониторинги криосфера, мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин ва технологияҳо дар соҳаи таҳқиқоти саҳроӣ, таҳияи тавсияҳо барои идораи муштараки хатарҳои обию иқлимии фаромарзӣ ба мақсад мувофиқ мешуморад. Тоҷикистон, ки дорои бештари консентратсияи пиряхҳо дар минтақа мебошад, баргузории Форуми минтақавӣ нуқтаи оғоз барои таъсиси платформаи ягонаи минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва мубодилаи иттилооти илмӣ хоҳад шуд ва сармоягузории байналмилалӣ ва кумаки техникии иловагиро барои густариши барномаҳои миллии мушоҳида ва таҳқиқи криосфера ҷалб хоҳад намуд.
Баргузории Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ далели он аст, ки Тоҷикистон ба таҳкими муколамаи илмӣ ва сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи устувори об ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим содиқ буда, дар ин самт дар доираи ҳамкории самарабахш бо шарикони рушд тадбирҳои муассир меандешад.
Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ кори худро дар чор ҷаласа- мониторинги пиряхҳо ва креосфера, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва креосфера, креосфера сарчашмаи об ва таваҷчуҳ ба тағйирёбии креосфера дар Осиёи Марказӣ идома дод. Иштирокдорони форум доир ба масъалаҳои баррасишаванда табодули назар намуда, пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид






