ФУТБОЛ ҶАҲОНӢ ШУД! Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ ва мусобиқаи футбол доир шуд

Май 22, 2025 09:42

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи  ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи  оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардида, инчунин байни корхонаҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мусобиқаи футбол ташкил карда шуд. Дар  ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Мусобиқа аз 1 то 21 май идома ёфта, дар он 10 дастаи корхонаҳои тобеи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва маросими ҷамъбасти мусобиқаи футбол роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани  Тоҷикистон» доир ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳонӣ шудани футбол, ҷойгоҳи ин навъи  варзиш дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат  ва муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳон сухан намуданд.

Дар фарҷом ғолибон бо медалу ҷом ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Бозии футбол  дар Тоҷикистон дар партави дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш густариш меёбад. Ин аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон чандин варзишгоҳҳои бузург барои бозии футбол бунёд гардиданд, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Инчунин дар ҳар маҳаллаи аҳолинишини мамлакат  барои рушди  футбол майдончаҳои варзишӣ сохта шудаанд, ки дар онҳо наврасон бештар ба бозии дӯстдоштанӣ- футбол машғул мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли  2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст. 25 майи соли 2024 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои аъзо нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд, ки он бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид №A/RES/78/281 қабул гардида буд. Ин маъракаи таърихӣ бо ибтикори ҳаммуалифони асосии қатънома – намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Ливия ташкил карда шуд. Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки футбол фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур менамояд. Футбол варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони ҳамагонӣ  сухан мегӯяд, яъне имрӯз аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Май 22, 2025 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд