Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд

Май 6, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд, ки зимни он густариши  робитаҳои байнипарлумонии ду давлат  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. 6 июни  соли 1992 ду давлат робитаҳои дипломатиро расман ба роҳ монданд.

Боиси хушнудӣ аст, ки робитаҳои стратегии Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми дӯст, инчунин муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф маншаъ мегиранд. Муносибатҳои стратегӣ байни ду давлати дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш меёбанд.

Файзалӣ Идизода изҳор намуд, ки Маҷлиси намояндагон ба густариши устувори ҳамкорӣ бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон  манфиатдор буда, муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро ба роҳ монда, барои ба пешравиҳо ноил гардидан талошҳои муштаракро амалӣ менамояд.

Ҳолати имрӯзаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Покистон нишон медиҳад, ки ҳамкории мутақобили судманди тарафҳо бо вуҷуди рушд дар марҳилаи доимии ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак қарор доранд. Барои пешбурди судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ду давлат чӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва чӣ дар бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имконоти фаровони то ҳол истифоданашудаи умедбахш зиёданд.

Иттилоъ дода шуд, ки  33 сол аст байни Тоҷикистону Покистон робитаҳои дӯстонаю бародарона амалӣ шуда, робитаҳо дар соҳаи илм, фарҳанг ва тандурустӣ дар ҳолати рушд қарор доранд.

   АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд