Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот намуд, ки зимни он густариши робитаҳои байнипарлумонии ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. 6 июни соли 1992 ду давлат робитаҳои дипломатиро расман ба роҳ монданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки робитаҳои стратегии Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми дӯст, инчунин муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф маншаъ мегиранд. Муносибатҳои стратегӣ байни ду давлати дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш меёбанд.
Файзалӣ Идизода изҳор намуд, ки Маҷлиси намояндагон ба густариши устувори ҳамкорӣ бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор буда, муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро ба роҳ монда, барои ба пешравиҳо ноил гардидан талошҳои муштаракро амалӣ менамояд.
Ҳолати имрӯзаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Покистон нишон медиҳад, ки ҳамкории мутақобили судманди тарафҳо бо вуҷуди рушд дар марҳилаи доимии ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак қарор доранд. Барои пешбурди судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ду давлат чӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва чӣ дар бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имконоти фаровони то ҳол истифоданашудаи умедбахш зиёданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 33 сол аст байни Тоҷикистону Покистон робитаҳои дӯстонаю бародарона амалӣ шуда, робитаҳо дар соҳаи илм, фарҳанг ва тандурустӣ дар ҳолати рушд қарор доранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд






