СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Муъминобод корхонаи истеҳсоли сангу шағал фаъолият менамояд

Май 3, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026)  ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корхонаи истеҳсоли сангу шағал фаъол гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корхона аз ҷониби  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талбак» таъсис дода шудааст.

Корхона ба истеҳсоли сангу шағал ва хиштҳои бетонӣ машғул аст. Бо  таъмини  дастгоҳу таҷҳизоти техникии зарурӣ қисмати бештари корҳо бо истифода аз механизмҳои соҳавӣ дар шакли худкор амалӣ  мешавад. Дар айни замон дар корхона 12 сокини маҳаллӣ бо шуғл  таъмин шудаанд.

Корхона дар саргаҳи селроҳае, ки қисмате аз ҷамоату деҳаҳои ноҳияи Муъминободро убур менамояд, бунёд гардидааст. Мақсади интихоби ин мавзеъ барои бунёди корхона  он аст, ки масолеҳи зарурии дар корхона коркардшаванда ҳамчун ашёи хом аз дохили ин селроҳа гирифта мешавад. Дар натиҷаи чунин раванди фаъолият ҳам маҷрои селроҳа ба таври мунтазам тоза гардида, ҳам барои корхона дастрасии масолеҳ таъмин мешавад. Ҳамзамон фаъолияти корхона ба пешгирии хатари омадани сел ба мавзеъҳои аҳолинишин ва ё ҳудуди заминҳои корами ноҳия мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Муъминобод дар айни замон 17 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст