HUKUMAT.TJ. Тамоми сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ин платформаи рақамӣ гузаронида мешаванд

Май 8, 2025 08:39

ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии аҳолӣ ва сохторҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳамаи самтҳо ва бо мақсади амалисозии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушд портали ягонаи давлатии хизматрасониҳо HUKUMAT.TJ.  (EGOV.TJ) таъсис дода шуд. Ин платформаи рақамӣ бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, яке аз бахшҳои муҳими Барномаи давлатӣ дар самти рақамисозии идоракунии давлатӣ маҳсуб мешавад. Дар айни замон дар ин портал 56  сомонаи расмии мақомоти давлатӣ сохта шуда, аз 1 январи соли равон то иҷониб бо 22 мақомоти давлатӣ шартномаи муштарак оид ба гузариш ба  ин портал ба имзо расидааст.

Ба иттилои сармутахассиси Раёсати танзими Ҳукумати электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Бобозода, портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ платформае аст, ки тариқи он хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ба воситаи электронӣ пешниҳод карда мешаванд.

«Ташкили портали ягонаи хизматрасониҳои электронии давлатӣ аз Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 сарчашма мегирад. Консепсияи мазкур мақсад ва афзалияти инкишофи ташаккули ҳукумати электрониро дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила муайян намудааст. Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Тоҷикистон баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилот расонида мешаванд, инчунин сода гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлати расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, кам кардани хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд, дар бар мегиранд»,-мегӯяд ӯ.

Бояд гуфт, ки ин платформа низоми мутамарказ ва инноватсионие мебошад, ки барои дастрасии доимӣ ба сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет таҳия шудааст. Платформаи ягона бо мақсади беҳтар намудани ҳамкорӣ байни шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ, инчунин баланд бардоштани шаффофият ва эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ фаъолият менамояд.

Портали ягона 11 хизматрасонии давлатиро ба таври электронӣ пешниҳод менамояд

Фарзона Бобозода изҳор медорад, ки дар шароити муосири рақамӣ шаҳрвандон мехоҳанд хизматрасониҳои давлатиро осон, муносиб,  зуд ва бе таъхир дастрас намоянд. Портали хизматрасониҳои давлатӣ имконият медиҳад, ки дар дилхоҳ ҷой ва дар дилхоҳ вақт шаҳрвандон хизматрасониҳои заруриро аз рӯи номгӯй ва категория муайян карда, оид ба хизматрасонӣ маълумоти муфассал пайдо ва онро зуд дастрас намоянд. Портал ба таври электронӣ бо қадамҳои шаффоф имконияти зуд пур кардани ариза ва гирифтани хизматрасониҳоро таъмин менамояд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар иртибот ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023 «Дар бораи Номгӯйи хизматрасониҳои давлатие, ки бояд муносиб ва автоматӣ гардонида шаванд ва муҳлати ба шакли электронӣ гузаронидани онҳо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо тасмим гирифта шуд, ки дар аввал пешниҳоди хизматрасонии давлатие, ки бештар ба шаҳрвандон заруранд, аз тариқи портал ба роҳ монда шавад. «Дар ин марҳила аз тариқи портал 11 хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба аҳолӣ пешниҳод карда шуд, аз ҷумла додани ваколатнома барои идора намудани воситаи нақлиёт, иҷозат барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ, маълумот оид ба доштан ва надоштани доғи судӣ, баҳисобгирии тӯйҳои домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ».

Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ба истифода дода мешавад

         Тавре иброз гардид, дар як вақт барои мусоидат ба аҳолӣ бобати истифодаи портал ва баҳрабардорӣ аз хизматрасониҳои давлатӣ  рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ба кор дароварда мешавад. Дар назар аст, ки чунин марказҳои хизматрасонии давлатӣ давра ба давра дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ кушода шуда, номгӯи хизмарасониҳои давлатие, ки аз тариқи электронӣ пешниҳод мегарданд, афзоиш дода шаванд.

Чанде қабл АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ки Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли 2024 нисбат ба 72 сомонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва 57 сомонаи мақомоти марказии давлатӣ санҷиш гузаронид. Дар натиҷаи он муайян карда шуд, ки аксарияти сомонаҳо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба талабот ҷавобгӯ набуда, баъзе сомонаҳо фаъол нестанд. Аз фаъолияти 72 сомонае, ки агентӣ санҷиш гузаронид, муайян карда шуд, ки дар ягон сомонаи мақомоти давлатӣ эълони озмунҳо нашр карда намешавад.

Дар робита ба ин барои татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» Портали ягонаи давлатии хизматрасониҳо ҳамчун инфрасохтори ягонаи шабакавии иттилоотию коммуникатсионӣ барои пешниҳоди дастрасӣ ба иттилоот ва паҳнкунии он муайян карда шудааст. Он ҳамчун инфрасохтори ягонаи шабакавии иттилоотию коммуникатсионӣ барои пешниҳоди дастрасӣ ба иттилоот ва паҳнкунии он муайян гардидааст. Ба иттилои масъулин, платформа мутамарказонидани сомонаҳои мақомоти давлатӣ, дастрасии осон ва муносиб барои шаҳрвандон, таъмини мундариҷа бо се забон, амнияти иттилоотӣ, истифодаи осон ва навсозии мунтазамро таъмин месозад, ки ин дар рушди рақамикунонии тамоми соҳаҳо саҳми назаррас мегузорад.

Ба иттилои Фарзона Бобозода, Портали хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби барномасозони миллӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ сохта шуда, дар баробари ин онҳо омодаанд, ки барои такмил ва рушди он бо ширкатҳои хусусӣ, байналмилалӣ ё созмонҳои рушди IT ҳамкорӣ намоянд. «Мақомоти давлатӣ, ташкилот ва аҳолӣ ҳавасманданд, ки барои босуръат фаъол гардидани он ҳамкории босамар намоянд. Мо боварӣ дорем, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин аксарияти хизматрасониҳои давлатие, ки аз ҷониби мақомот, ташкилоти давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мамлакат пешниҳод карда мешаванд, минбаъд аз тариқи портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ мегарданд»,-гуфт Фарзона Бобозода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2025 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Ҷаласаи нахустини ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид
Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
Дар Шероз Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид
Масъалаҳои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон тақвият меёбад
Бо иштироки ҷавонони волонтёри гуногунихтисос ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
Ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Шероз баррасӣ шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» 80 фоизи сохтмон ба анҷом расидааст
«Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо «АНТАРЕС» ба Шармушайхи Миср парвозҳои мустақимро оғоз менамояд
Бо ҷалби коршиносони ECAC барои кормандони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Форуми сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид