Рушди варзиш ва инфрасохтори муосир муҳимтарин самт дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошад

Май 25, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол изҳор доштанд, ки рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бе бунёди инфрасохтори муҷаҳҳаз ва мутобиқ гардонидани иншооти бунёдшаванда ба талаботи замони имрӯза ғайриимкон аст.

Ба таъкиди Сарвари давлат, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

«Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд, —  иброз намуданд Пешвои миллат. — Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифт».

Ҳамчунин, Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки танҳо дар шаҳри Душанбе дар панҷ соли охир тавассути роҳандозии барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 адад расид.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 25 май ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Май 25, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд