ИДИ ҲАҚИҚИИ ФУТБОЛ! Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ҷашнвораи бошукӯҳи футбол баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин фестивал 700 нафар дӯстдорони футбол иштирок намуданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди футболи оммавӣ-кӯдакона ва таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Варзишгоҳи марказии Душанбе 20 ҳазор тамошобинро ҷамъ оварда, ҷашни воқеии футболро инъикос намуд. Барои тамошобинон барномаи фароғатӣ омода карда шуд. Ба бачаҳо диққати махсус зоҳир гардида, барои онҳо бозиҳои шавқовар ташкил карда шуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

































Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






