Иштирокчӣ аз Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон соҳиби ду Шоҳҷоиза шуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 5 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон таҳти унвони «Садбарги Шарқ-2025» баргузор гардид, ки дар он таълимгирандаи ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Зебинисо Исмоилова иштирок намуда, соҳиби ду Шоҳҷоиза шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар баробари намояндагони 10 давлат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Фестивал 4 нафар иштирок намуданд.
Дар рӯзи аввали озмун Зебинисо Исмоилова бо рақси хатлонӣ таҳти унвони «Қумбоқ» ва дар рӯзи дуюми озмун бо рақси миллӣ таҳти унвони «Ларзон» иштирок карда, бо ба даст овардани 160 хол соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Инчунин Зебинисо Исмоилова дар барномаи Фестивал бо рақси «Лабчанг» бо ба даст овардани 80 хол соҳиби Шоҳҷоиза дигар шуд.
Зебинисо Исмоилова бо сарпарастии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Фестивали мазкур иштирок намуд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






