Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иқтидори бойи обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд

Май 24, 2025 10:25

ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, барои иштирокдорони он ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сайру саёҳат ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо.

Иштирокдорони конфронси сатҳи баланд, ҳайатҳои кишварҳои гуногуни хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, аз ҷумла дараи Ромит, дарёи Сиёма, Маҷмааи лижаронии «Сафеддара», иншооти бузурги гидроэнергетикӣ- Неругоҳи барқи обии «Роғун», Неругоҳи барқи обии «Норак», ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанберо тамошо намуда, бо иқтидори бойи обию энергетикии Тоҷикистон аз наздик шинос мешаванд.

Инчунин барои иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ЭКО-дав дар болои пирях ташкил карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чорабинии муҳим ва калидӣ буда, дар чаҳорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирӣ ва иттифоқи орои 150 давлати аъзои Созмон якдилона дастгирӣ ёфт, баргузор мегардад. Муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳияи стратегияҳои муассири ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об аз ҳадафҳои асосии конфронси сатҳи баланд мебошад.

То имрӯз тақрибан 1700 нафар сиёсатмадорон, коршиносон ва олимон барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо номнавис шудаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 24, 2025 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд