Кетрин Мери Рассел: «Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ намудем»
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз мулоқот Кетрин Мери Рассел изҳор дошт, ки зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба вазъи кӯдакон дар мамлакат ва иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо, аз ҷумла рушди кӯдакони то синни мактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Мо ҳамчунин доир ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳое, ки ба ҳаёти кӯдакон таъсир мерасонанд, мубодилаи афкор анҷом додем. Мо уҳдадор шудем, ки ҳамкориро идома бахшем. ЮНИСЕФ даҳсолаҳо боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва минбаъд низ ҳамкориро бо Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба кӯдакон идома медиҳад», — афзуд ӯ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






