Кэтрин Рассел: «Бо ташаббусҳои арзишманди ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон мо метавонем ба ҳадафҳои назаррас ноил гардем»

Май 30, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мо бояд таъсири обшавии пиряхҳоро ба кӯдакон омӯзем, сармоягузории иқлимро барои онҳо зиёд кунем ва иштироки фаъоли ҷавононро дар сиёсатгузорӣ таъмин намоем. Зеро агар кӯдакону наврасон ба буҳрони иқлим дучор гарданд, ин нишонаи он аст, ки онҳо ба буҳрони ҳуқуқӣ дучор гардидаанд. Чунин иброз дошт Директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел имрӯз зимни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе.

Директори иҷроияи ЮНИСЕФ гуфт, ки буҳрони иқлим дар асл  буҳрони ҳуқуқи кӯдакон аст. Он ба саломатӣ, таълим, бехатарӣ ва дастрасии онҳо ба обу ғизо таъсир мерасонад. Беш аз 1 миллиард кӯдак дар давлатҳое зиндагӣ менамоянд, ки ба хатари баланди иқлимӣ дучоранд.

«Аз ин рӯ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузории бепоёни худро мерасонам, ки бо ташаббусҳои арзишманди ҷаҳонии Сарвари давлати тоҷикон мо, ҷомеаи ҷаҳон метавонем дар самти об ва иқлим ба ҳадафҳои назаррас ноил гардем», — иброз дошт Кэтрин Рассел.

Ба андешаи ӯ, масоили об ва тағйирёбии иқлим ба соҳаи тандурустӣ, маориф ва некӯаҳволии кӯдакон бевосита таъсир мерасонад. Дар ин замина иқдоми якҷояи давлатҳо барои ҳифзи манбаъҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.

ЮНИСЕФ аз ҳамаи кишварҳо даъват мекунад, ки Эъломияи кӯдакон, ҷавонон ва иқлимро ҷонибдорӣ намоянд ва ҳуқуқи кӯдаконро ба нақшаҳои миллии иқлимии худ ворид намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо то 31 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар инъикоси ин чорабинии муҳим беш аз 2500 намоянда аз 80 давлати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд иштирок доранд. Чорабиниро беш аз 500 хабарнигори дохилию хориҷӣ инъикос менамоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид