Китоби «Театр дар назди микрофон» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 08.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Театр дар назди микрофон» китоби нави номзади илмҳои филология, директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода ба нашр расид, ки он кӯшиши нахустини феҳристнигорӣ дар соҳаи радиои тоҷик мебошад.
Тавре муаллифи китоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар китоб зиёда аз 200 номгӯй силсилабарномаҳои радиотеатру «Театр дар назди микрофон» ва инсенировкаҳои адабии Радиои Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд. Китоб дар бораи ҳайати эҷодӣ иборат аз журналистон, муҳаррирон, адибон, дараматургон, коргардонҳо ва танзимгарони овозе маълумот медиҳад, ки ҳар яке мувофиқи малакаи хеш ба халқу Ватан хизмат намуда, дар ин баробар барои афзудани шуҳрату шукуҳи барномаҳои баландмазмуни радиоӣ умри худро дареғ надоштаанд.
Муаллиф дар китоби худ хонандаро, аз як тараф бо муҳтавои гуфторҳои саҳнавӣ шинос намуда, аз ҷониби дигар дастандаркорон ва иҷрокунандагони нақшҳои онҳоро муаррифӣ менамояд ва барои аз хазинаи Радиои Тоҷикистон пайдо намудани гуфторҳо кумак мерасонад.
Ба феҳрист барномаҳо аз соли 1948 то имрӯз дохил шуда, барои пажӯҳишгарон, кормандони соҳа ва мухлисони барномаҳои соҳавии радиоӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад






