Комиссияи назорати молиявии дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи Барномаи ислоҳоти фаъолияти молиявии дастаҳои футболи касбӣ ва барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Комиссияи назорати молиявии дастаҳои футболи Лигаи олиро зери роҳбарии ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода таъсис дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадаф аз таъсис ва фаъолияти комиссияи мазкур назорати молиявӣ, шаффофият, самаранокӣ ва ислоҳоти самти фаъолияти молиявии дастаҳои футболи Лигаи олӣ ба ҳисоб меравад.
Баъди пурра мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додани фаъолияти молиявии дастаҳои футболи Лигаи олӣ барои давраи ҳисоботии аз 1 январ то 31 декабри соли 2024 Комиссияи назорати молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳар бошгоҳ хулосаи санҷиши молиявиро вобаста ба ислоҳ ва мутобиқнамоӣ ба меъёру талаботи ФИФА ва КФО пешниҳод менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад






