КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд

ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мегардад. Дар ҳошияи он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.
Бояд гуфт, ки қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025-2034) дар баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну субот ва сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир мегузорад.
Ба иттилои ходими пешбари Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистан Анвар Ҳомидов, баррасии нақши калидии пиряхҳо дар нигоҳ доштани мувозинати ҷаҳонии экологӣ ва ҳалли мушкилоти об маротибаи аввал, ки дар сатҳи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид, нишонаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим мебошад.
«Конфронс оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 моҳи май баргузор мегардад, Душанберо ба платформаи байналмилалӣ барои баррасии пешбурд ва таҳкими ҳадафҳои рушди устувор, ки ба беҳтар гардидани некӯаҳволи ҳаёти башарият ва ҳифзи сайёра равона шудааст, пайваст менамояд. Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии 2 миллиард аҳолии кураи Замин аз ҳолати пиряхҳо ва пайомадҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ вобастигии зич дорад»,-иброз медорад Анвар Ҳомидов.
Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад сабаби оқибатҳои манфӣ гардад. Ҳамин буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Бояд гуфт, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва обшавии босуръати онҳо на танҳо дар ҷаҳон, балки дар Тоҷикистон низ хеле нигаронкунанда мебошад, зеро дар ҷумҳурии мо дар асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо низ таъсис гардид, бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст.
Тавре Анвар Ҳомидов баён медорад, тағйирёбии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти замони муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. «Обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомидании сокинони сайёра мебошанд, метавонад боиси коҳишёбии минбаъдаи сарчашмаи оби ошомидании тоза гардида, аҳолии ҷаҳонро ба ҳодисаҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз нигаронии Сарвари давлат дар масъалаи об ва иқлим дарвоқеъ ҳам бамавқеъ ва саривақтӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намоянд»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Тавре аз Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иттилоъ доданд, бо пайвастани рӯзномаи об ва иқлим конфронс кӯшиш менамояд, ки талошҳои ҳифзи пиряхҳоро бо ҳадафҳои глобалии амнияти об, энергетика ва озуқаворӣ ҳамоҳанг кунад. Он инчунин ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, ҷалб намудани захираҳо ва истифодаи чунин ҳуҷҷатҳои чаҳорчӯбавӣ, аз қабили «Аҳднома барои оянда» мусоидат менамояд.
Ҳамзамон тибқи маълумоти котибот, дар конфронс масъалаҳои пешбурди таҳқиқот ва мониторинги илмӣ, рушди илми пиряхҳо ва криосфераи баландкӯҳ, аз ҷумла донишҳои мардуми маҳаллӣ, навовариҳои технологӣ ва системаҳои мониторинг, ки барои фаҳмидани динамикаи ақибнишинии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба экосистемаҳо, захираҳои об ва системаи ҷаҳонии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Ба андешаи Анвар Ҳомидов, моҳияти конфронс барои дастҷамъона талош намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти глобалӣ, ба монанди обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва пайдо намудани андешаву назарҳои нави муосири илмӣ барои рафъи мушкилот дар сатҳи байналмилалӣ замина ва имконият фароҳам меорад. Ҳамзамон бояд гӯем, ки баргузор намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мавқеи пешоҳангӣ ва талоши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим боз ҳам мустаҳкамтар менамояд.
«Ҳуҷҷати ниҳоии Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе заминаи амалӣ намудани қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 2025» ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034»-ро фароҳам оварда, маҷрои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, амалӣ намудани навовариҳои муосири илмӣ, табодули таҷриба, ҳамоҳангсозии системаи мониторингу огоҳкунӣ ва ҷалби сармояи мустақимро аз фондҳои молиявӣ барои ҳифзи пиряхҳо танзим менамояд»,-мегӯяд Анвар Ҳомидов.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»