КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад

Май 16, 2025 08:26

ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо,  ки 29-31 моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор  карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мевагӣ, полезӣ, хушкмеваҳо ва дигар навъҳои он пешниҳод карда мешаванд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст. Инчунин дар доираи он масъалаи мубориза бо хушксолӣ, ки яке аз мушкилоти рӯзмарраи кишоварзон мебошад,  мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Ин қатънома моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории зиёда аз 150 давлати дунё қабул гардид.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни конфронс масъалаҳои пешбурди таҳқиқот ва мониторинги илмӣ, рушди илми пиряхҳо ва криосфераи баландкӯҳ, аз ҷумла донишҳои мардуми маҳаллӣ, навовариҳои технологӣ ва системаҳои мониторингро, ки ба фаҳмидани динамикаи ақибнишинии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба экосистемаҳо, захираҳои об ва системаи ҷаҳонии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 16, 2025 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон