КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар «Dushanbe EXPO Centre» намоишгоҳи саноатӣ баргузор мешавад

Май 28, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, дар «Dushanbe EXPO Centre» Намоишгоҳи саноатии молҳои Тоҷикистон ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намоишгоҳ ба таъмини рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат равона гардидааст. Ҳадафи он муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ба меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ба ин васила тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокдор мебошад.

Дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон гӯшаҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, кимиё, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ташкил карда мешаванд. Инчунин коргоҳу корхонаҳои саноатию истеҳсолии мамлакат номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро ба намоиш мегузоранд.

Инчунин воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва техникаҳои кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол ва бастабандӣ мегарданд, дар майдони кушоди намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ташкили чунин намоишгоҳҳо барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, густариши ҳамкории корхонаҳои саноатии мамлакат бо ширкатҳои хориҷӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак бо технологияҳои муосир мувофиқи мақсад мебошад.

Интизор меравад, ки иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҷонибҳои алоқаманд, аз ҷумла ташкилоти байналмилалӣ ва миллӣ, муассисаҳои илмӣ ва молиявӣ, бахши хусусӣ ва дигар сохторҳои марбутаи мамлакат Намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre»-ро тамошо намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Май 28, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад