КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Хадамоти алоқа иштирокчиёнро бо интернети баландсуръат таъмин менамояд

Май 23, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳоеро, ки дар онҳо чорабиниҳои конфронс баргузор мегарданд, бо интернети баландсуръат таъмин менамояд.

Тавре аз ин хадамот ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақша бештари корҳои техникӣ ба анҷом расида, омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.

Маҷмааи «Кохи Сомон», ки макони асосии баргузории ин конфронс ба ҳисоб меравад, пурра бо интернети баландсуръат таъмин карда шуд.

Дар бинои Маҷмааи «Кохи Сомон» канали асосӣ ва эҳтиётӣ бо суръати 1  Гбит/с  ташкил карда шудааст, ки тамоми ошёнаҳои биноро фаро мегирад. Дар ҳар ошёнаи бино таҷҳизоти мобилӣ (WiFi) насб карда шудаанд,  ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Инчунин аз ҷониби кормандони Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»  дар биноҳое, ки чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегарданд, таҷҳизоти муосири техникӣ гузошта шуда, бо интернети баландсуръат  таъмин гардидаанд.

Дар  Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и  шаҳри Душанбе 7 роутери (WiFi)  бо фарохпаҳноии муосир насб гардидааст. Он тамоми атрофи боғро бо интернети баландсуръат таъмин менамояд. Ин икдом дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт идома дорад.

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе низ 5 роутери (WiFi) бо фарохпаҳноии муосир насб гардида, рӯзҳои наздик мавриди  истифодаи сокинон ва сайёҳон қарор мегиранд.

Дар доираи омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чанде пеш Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сифат ва суръати хизматрасонии (Wi-Fi)-ро аз тариқи интернети  собит дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод.

Санҷишҳо дар меҳмонхонаи «Ҳилтон», «Серена», «Фирдавсӣ», «Кангурт», «Ҳайат Реҷенси», «Румӣ», «Тоҷикистон», «Авесто», «Таҷ Палас» ва «Кохи Афсарон» гузаронида шуда, барои бартараф кардани мушкилоти ин самт ба мутахассисони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерони интернетӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

 Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Май 23, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд