КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Хадамоти алоқа иштирокчиёнро бо интернети баландсуръат таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳоеро, ки дар онҳо чорабиниҳои конфронс баргузор мегарданд, бо интернети баландсуръат таъмин менамояд.
Тавре аз ин хадамот ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақша бештари корҳои техникӣ ба анҷом расида, омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.
Маҷмааи «Кохи Сомон», ки макони асосии баргузории ин конфронс ба ҳисоб меравад, пурра бо интернети баландсуръат таъмин карда шуд.
Дар бинои Маҷмааи «Кохи Сомон» канали асосӣ ва эҳтиётӣ бо суръати 1 Гбит/с ташкил карда шудааст, ки тамоми ошёнаҳои биноро фаро мегирад. Дар ҳар ошёнаи бино таҷҳизоти мобилӣ (WiFi) насб карда шудаанд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Инчунин аз ҷониби кормандони Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар биноҳое, ки чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегарданд, таҷҳизоти муосири техникӣ гузошта шуда, бо интернети баландсуръат таъмин гардидаанд.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе 7 роутери (WiFi) бо фарохпаҳноии муосир насб гардидааст. Он тамоми атрофи боғро бо интернети баландсуръат таъмин менамояд. Ин икдом дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт идома дорад.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе низ 5 роутери (WiFi) бо фарохпаҳноии муосир насб гардида, рӯзҳои наздик мавриди истифодаи сокинон ва сайёҳон қарор мегиранд.
Дар доираи омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чанде пеш Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сифат ва суръати хизматрасонии (Wi-Fi)-ро аз тариқи интернети собит дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод.
Санҷишҳо дар меҳмонхонаи «Ҳилтон», «Серена», «Фирдавсӣ», «Кангурт», «Ҳайат Реҷенси», «Румӣ», «Тоҷикистон», «Авесто», «Таҷ Палас» ва «Кохи Афсарон» гузаронида шуда, барои бартараф кардани мушкилоти ин самт ба мутахассисони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерони интернетӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Нью-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба об баррасӣ гардиданд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Намояндаи Қазоқистон Нина Пиманкина: «Дар ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мехоҳем аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода намоем»
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»






