КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Толорҳои Китобхонаи миллӣ барои баргузории чорабиниҳои канорӣ омода мебошанд
ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, 8 толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон пурра омода карда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Дар ҳошияи ин конфронс баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст. Аз ин рӯ барои баргузории конфронсҳои канории ин чорабинии муҳими сатҳи ҷаҳонӣ ҳамаи толорҳо бо дастгоҳҳои зарурӣ ва тарҷумонҳо омода мебошанд.
Бо ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Ин қатънома моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории зиёда аз 150 давлати дунё қабул гардид.
Дар назар аст, ки иштирокчиёни конфронс масъалаҳои пешбурди таҳқиқот ва мониторинги илмӣ, рушди илми пиряхҳо ва криосфераи баландкӯҳ, аз ҷумла донишҳои мардуми маҳаллӣ, навовариҳои технологӣ ва системаҳои мониторингро, ки ба фаҳмидани динамикаи ақибнишинии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба экосистемаҳо, захираҳои об ва системаи ҷаҳонии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ намоянд.
Дар конфронс инчунин масъалаи рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо баррасӣ гардида, роҳҳои амалии коҳиш додани ин таъсир ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои вобаста ба пиряхҳо омӯхта мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд






