КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Толорҳои Китобхонаи миллӣ барои баргузории чорабиниҳои канорӣ омода мебошанд

Май 12, 2025 14:21

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо,  ки 29-31 моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, 8 толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон пурра омода карда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Дар ҳошияи ин конфронс баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст. Аз ин рӯ барои баргузории конфронсҳои канории ин чорабинии муҳими сатҳи ҷаҳонӣ ҳамаи толорҳо бо дастгоҳҳои зарурӣ ва тарҷумонҳо омода мебошанд.

Бо ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Ин қатънома моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории зиёда аз 150 давлати дунё қабул гардид.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни конфронс масъалаҳои пешбурди таҳқиқот ва мониторинги илмӣ, рушди илми пиряхҳо ва криосфераи баландкӯҳ, аз ҷумла донишҳои мардуми маҳаллӣ, навовариҳои технологӣ ва системаҳои мониторингро, ки ба фаҳмидани динамикаи ақибнишинии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба экосистемаҳо, захираҳои об ва системаи ҷаҳонии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ намоянд.

Дар конфронс инчунин масъалаи рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо баррасӣ гардида, роҳҳои амалии коҳиш додани ин таъсир ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои вобаста ба пиряхҳо омӯхта мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2025 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид