Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро 500 нафар хабарнигорони дохилию хориҷӣ инъикос менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар «Кохи Сомон» Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардида, ҷараёни онро беш аз 500 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ инъикос менамоянд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳалли проблемаи обшавии пиряхҳо аҳамияти калон медиҳад. Аз ин рӯ, дар ҷойҳои баргузории конфронс барои кори намояндагони воситаҳои ахбори омма тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
«Ин, пеш аз ҳама, маркази матбуоти муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, интернети баландсуръат дар тамоми минтақа, ки дар он чорабиниҳо баргузор мешаванд, дастрасӣ ба ҳамаи форумҳо ва ҷаласаҳои пленарӣ мебошад. Рӯзноманигороне, ки дар конфронс номнавис шудаанд, имкон доранд бо роҳбарони ҳайатҳо, коршиносон ва намояндагони доираҳои илмие, ки проблемаи обшавии пиряхҳоро меомӯзанд, суҳбат намоянд», -гуфт Шоҳин Самадӣ.
Боиси хушнудӣ аст, ки даъватҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо шунида шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти доғи ин масъаларо дар ин конфронси байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.
«Итминон дорам, ки рӯзноманигорон бо иштирок ва инъикоси мушкилоти обшавии пиряхҳо дар огоҳ намудани тамоми башарият аз хатари нобудшавии пиряхҳо саҳми арзанда мегузоранд»,-афзуд сардори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






