«КОРВОНИ ДИДОР». Модарон дар қисмҳои ҳарбӣ бо шароити хизмати фарзандон шинос мешаванд

Май 17, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июн дар мамлакат таҳти унвони «Корвони дидор» ташрифи дастаҷамъонаи модарон ба қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Баъди шиносоӣ бо шароити зист ва хизмати афсарону сарбозон модарон сари дастархони тоҷикӣ бо фарзандон доир ба рисолати бузург будани адои хизмати Модар-Ватан суҳбат меороянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин иқдом бо мақсади иҷрои банди 18 — и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.

Вазорати мудофиаи мамлакат дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Агентии таъминоти махсус, Гвардияи миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд баргузор шудани иқдоми мазкур тадбир меандешанд.

Иқдоми «Корвони дидор» — яке аз тадбирҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани шароити хизмат ва зисти хизматчиёни ҳарбӣ амалӣ мегардад. Натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки сол ба сол дар мамлакат теъдоди ихтиёриёни хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд.

Натиҷаи ҳамкории доимии масъулини сохторҳои марбута бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшуроҳо ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа», ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамоянд, хеле зиёд гардад.

Пурзӯр гардидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии ҷавонон буд, ки чанд соли охир аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар рӯзи аввал нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра иҷро менамоянд.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардид.

Пеш аз муҳлат иҷро гирдидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, саҳми бахшу шуъбаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ мебошад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «мо бояд ба он мусоидат намоем, ки ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири мошинҳо, забонҳои хориҷиро низ омӯзад, то баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи дурусти зиндагии худро пайдо карда тавонад».

Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат имрӯзҳо дар қисмҳои низомии мамлакат ҳар як сарбоз дар баробари иҷрои уҳдадории ҳарбӣ, касбу ҳунар омӯхта, бо сари баланд ба хона бармегардад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд
Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд