Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон бо Мушовири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар доираи Вохӯрии 13-уми байналмилалии намояндагони баландмақоми бахши амният Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Мушовири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қасим Ал-Араҷӣ мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқ дар масъалаи таъмини амният ва субот, инчунин мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, пеш аз ҳама, терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ мавқеи ягона ва устувор доранд.
Котиби Шурои амнияти мамлакат Юсуф Раҳмон таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон пайваста аз тадбирҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои бетаъхир меандешад.
Мусоҳибон доир ба масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла дастгир ва ба Тоҷикистон баргардондани аъзои ташкилоту созмонҳои террористию экстремистии дар ҷустуҷуйи байналмилалӣ қарор дошта, табодули афкор намуданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






