Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо ташаббусҳояш дар масъалаҳои ҳамкорӣ барои ҳифзи пиряхҳо, ҳавзаи об ва масъалаҳои рушди устувор дар ҷаҳон эътироф гардида, ҷойгоҳи махсус дорад. Имрӯз тамоми ҷаҳон ба масъалаи марбут ба об таваҷҷуҳ зоҳир дорад, ки дар ин самт нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Зеро масъалаи тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва об танҳо ба як ё ду давлат тааллуқ надошта, балки масъалаи ҷаҳонӣ мебошад. Чунин иброз намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» олими соҳаи география аз Донишгоҳи Фрибури Швейтсария Кристин Бишел зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар «Кохи Сомон» идома дорад.
Кристин Мишел муддати 22-23 сол аст, ки дар самти илми география дар Осиёи Марказӣ таҳқиқоти илмӣ мебарад. Давоми чор соли охир мавзуи таҳқиқоташ ба омӯзиши пиряхҳо бахшида шудааст.
Ба гуфтаи номбурда, имрӯзҳо пиряхҳо бо суръати баланд об мешаванд, ки сабаби он гармшавии глобалӣ мебошад. Бояд тамоми кишварҳои иштирокчӣ иқдоми пешниҳодшударо якдилона ҷонибдорӣ ва амалӣ намоянд, то давоми панҷ соли оянда баландшавии ҳарорат то ҳадди имкон нигоҳ дошта шавад. Таъсиси фонди байналмилалӣ ва дастгирии молиявӣ ёфтани он аз ҷониби давлатҳо ва ташкилоти байналмилалӣ метавонад ба пешгирии обшавии пиряхҳо мусоидат намояд.
«Дар ин конфронс олимони соҳа ҷамъ омада, оид ба то кадом андоза муҳим будани омӯзиши илмҳои муосир дар раванди тағйирёбии иқлим, роҳҳои мутобиқшавӣ ба ин дигаргуниҳо ва ҳифзи экосистема ибрози назар менамоянд. Дигаргуниҳои экосистемаро дар раванди тағйирёбии иқлим метавон аз ҳолати имрӯзаи пиряхҳо ва захираҳои обии ҷаҳон мисол овард. Инро ба назар гирифта, мо нақши омӯзиши илми муосир, яъне технология ва инноватсияро дар самти мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо то андозае дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра муҳим арзёбӣ менамоем ва онро ба ҷомеа меомӯзонем», — мегӯяд олими соҳа.
Кристин Мишел дар чанд бахши ин конфронс, аз ҷумла намоиши аксҳои пиряхҳо аз ҷониби кӯдакон дар «Боғи Ирам» иштирок кардааст ва барояш ин намоишгоҳ хеле писанд омадааст.
«Ман пеш аз ин сафар чандин марортиба дар Тоҷикистон будам ва ба бисёр минтақаҳои он сафар кардаам. Ман дар Суғду Бадахшон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон будам ва диққати маро бештар кӯҳҳои Помир ба худ ҷалб мекунанд. Фикр мекунам, ки мардуми Тоҷикистон хушбахтанд, ки чунин Ватани зебо ва зиндагии осуда доранд. Хушбахтӣ ва дороии онҳо табиати нотакрор, чашмаҳои мусаффо ва дарёҳои равон ва муҳимтар аз ҳама, тинҷиву осудагии сарзаминашон мебошад, ки ба қадри он бояд расид», — мегӯяд олими швейтсариягӣ.
Ба андешаи Кристин Мишел, баргузории чунин конфронси сатҳи баланд ба муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд






