Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»

Май 31, 2025 15:27

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо ташаббусҳояш дар масъалаҳои ҳамкорӣ барои ҳифзи пиряхҳо, ҳавзаи об ва масъалаҳои рушди устувор дар ҷаҳон эътироф гардида, ҷойгоҳи махсус дорад.  Имрӯз тамоми ҷаҳон ба масъалаи марбут ба об таваҷҷуҳ зоҳир дорад, ки дар ин самт нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Зеро масъалаи тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва об танҳо ба як ё ду давлат тааллуқ надошта, балки масъалаи ҷаҳонӣ мебошад. Чунин иброз намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» олими соҳаи география аз Донишгоҳи Фрибури Швейтсария Кристин Бишел зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар «Кохи Сомон» идома дорад.

Кристин Мишел муддати 22-23 сол аст, ки дар самти илми география дар Осиёи Марказӣ таҳқиқоти илмӣ мебарад. Давоми чор соли охир мавзуи таҳқиқоташ ба омӯзиши пиряхҳо бахшида шудааст.

Ба гуфтаи номбурда, имрӯзҳо пиряхҳо бо суръати баланд об мешаванд, ки сабаби он гармшавии глобалӣ мебошад. Бояд тамоми кишварҳои иштирокчӣ иқдоми пешниҳодшударо якдилона ҷонибдорӣ ва амалӣ намоянд, то давоми панҷ соли оянда баландшавии ҳарорат то ҳадди имкон нигоҳ дошта шавад. Таъсиси фонди байналмилалӣ ва дастгирии молиявӣ ёфтани он аз ҷониби давлатҳо ва ташкилоти байналмилалӣ метавонад ба пешгирии обшавии пиряхҳо мусоидат намояд.

«Дар ин конфронс олимони соҳа ҷамъ омада, оид ба то кадом андоза муҳим будани омӯзиши илмҳои муосир дар раванди тағйирёбии иқлим, роҳҳои мутобиқшавӣ ба ин дигаргуниҳо ва ҳифзи экосистема ибрози назар менамоянд. Дигаргуниҳои экосистемаро дар раванди тағйирёбии иқлим метавон аз ҳолати имрӯзаи пиряхҳо ва захираҳои обии ҷаҳон мисол овард. Инро ба назар гирифта, мо нақши омӯзиши илми муосир, яъне технология ва инноватсияро дар самти мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо то андозае дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра муҳим арзёбӣ менамоем ва онро ба ҷомеа меомӯзонем», — мегӯяд олими соҳа.

Кристин Мишел дар чанд бахши ин конфронс, аз ҷумла намоиши аксҳои пиряхҳо аз ҷониби кӯдакон дар «Боғи Ирам» иштирок кардааст ва барояш ин намоишгоҳ хеле писанд омадааст.

«Ман пеш аз ин сафар чандин марортиба дар Тоҷикистон будам ва ба бисёр минтақаҳои он сафар кардаам. Ман дар Суғду Бадахшон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон будам ва диққати маро бештар кӯҳҳои Помир ба худ ҷалб мекунанд. Фикр мекунам, ки мардуми Тоҷикистон хушбахтанд, ки чунин Ватани зебо ва зиндагии осуда доранд. Хушбахтӣ ва дороии онҳо табиати нотакрор, чашмаҳои мусаффо ва дарёҳои равон ва муҳимтар аз ҳама, тинҷиву осудагии  сарзаминашон мебошад, ки ба қадри он  бояд расид», — мегӯяд олими швейтсариягӣ.

Ба андешаи Кристин Мишел, баргузории чунин конфронси сатҳи баланд ба муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд