Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Маҳмадсолеҳ Қосимов 8 садяк замини наздиҳавлигияшро самаранок истифода мебарад. Дар айни замон ӯ дар ин замин картошка, гулкарам ва дигар зироат кишт намуда, ҳосили фаровонро интизор аст.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Маҳмадсолеҳ Қосимов имсол 2 қуттӣ кирмак низ дастрас намуд. Дар айни замон пилла барои ҷамъоварӣ пурра омода буда, дар назар аст, ки аз он 100 кило пилла гирад.
Пиллапарварӣ ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ барои саломатӣ безарар ва таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.
Маҳмадсолеҳ Қосимов иброз дошт, ки «ба замин ҳар қадаре, ки бо муҳаббату ғамхорӣ муносибат кардед, онро оқилонаю самаранок истифода бурдед, ҳамон қадар баракаташро мебинед. Ҳайронам, ки баъзе нафарон чандин сотих заминҳои наздиҳавлигиашонро истифода намебаранд, онҳо солҳо бекор меистанд. Ҳол он ки истифодаи самараноки ин заминҳо на танҳо ба оилаи онҳо, балки барои сокинони шаҳрнишин, ки ба маҳсулоти кишоварзӣ ниёз доранд, муфид аст».
«Гузаштагони мо заминро беҳуда модар нахондаанд. Агар мушоҳида карда бошед, дар тамоми давлатҳои дунё одамон барои истифода дурусти замини назди ҳавлишиашон талош менамоянд, дар машғулиятҳои омӯзишӣ иштирок мекунанд. Аз интернет бо таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳон шинос мешаванд, аз он истифода мебаранд. Агар ҳар яки мо заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода барем, чандин мушкилоти зиндагиамонро бартараф месозем»,-афзуд ин деҳқони ботаҷриба.
Истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокини деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Маҳмадсолеҳ Қосимов барои дигар сокинон намунаи ибрат мебошад. Зеро чунин кишоварзон дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи ғизоӣ қонеъ намуда, баъдан маҳсулоти зиёдатиро ба бозор бароварда, бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон мегардонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






