Масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ва Зимбабве баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, тақвияти ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) дар раванди таълим ва дигар масъалаҳои самти маориф 29 май зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Вазири таҳсилоти олӣ ва касбӣ, инноватсия, илм ва рушди технологияи Ҷумҳурии Зимбабве Фредерик Шава мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили рушди таҳсилоти олӣ ва касбӣ, густариши робитаҳои илмӣ, табодули таҷриба ва иқдоми инноватсионӣ дар низоми маориф мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо барои рушди ҳамкории дуҷониба дар самтҳои муҳим изҳори омодагӣ намуда, ба зарурати истифодаи таҷрибаи пешқадам ва ҳамгироии технологияҳои муосир дар низоми таълим таъкид карданд.
Фредерик Шава таваҷҷуҳи ҷиддии Ҷумҳурии Зимбабверо ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ таъкид намуда, омодагии давлаташро барои таҳияи барномаҳои муштарак, даъвати донишҷӯён ва олимони тоҷик ба форумҳои илмӣ ва ташкили лоиҳаҳои муштарак иброз дошт.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






