Масъалаи ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баррасӣ гардид

Май 29, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Шермерс баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи илмӣ — таҳқиқотиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин марказ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла густариши табодули фарҳангӣ ва таълимӣ, инчунин дурнамои баргузории чорабиниҳои муштараки таҳлилиро баррасӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ба имконоти ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об бо иштироки муассисаҳои таҳқиқотии ду давлат дар лоиҳаҳое, ки ба рушди устувор нигаронида шудаанд, диққати махсус дода шуд. Дар ин замина аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба идоракунии устувори захираҳои об, ки дар доираи ҳамкории бисёрҷониба, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Шоҳигарии Нидерланд пайваста дастгирӣ меёбад, таъкид гардид.

Бо назардошти таваҷҷуҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Нидерланд имконияти барқарор намудани ҳамкорӣ бо ниҳодҳои таҳлилии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳарду ҷониб барои амиқтар намудани муколама оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, хатарҳои иқлимӣ ва тағйирёбии геосиёсӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид