Михаил Гусман: «Вақте «Душанбеи офтобӣ» мегӯем, ин ҷо сухан танҳо аз гармии ҳаво не, балки аз гармии дили одамон низ меравад!»
ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Вақте ки «Душанбеи офтобӣ» мегӯем, ба назари ман ин ҷо сухан танҳо аз гармии ҳаво не, балки сухан аз гармии дили одамон низ меравад, ки меҳмононро бо самимияти хосса пешвоз мегиранд», — чунин иброз дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода рӯзноманигори маъруфи рус, муаллиф ва ровии барномаи «Формулаи ҳокимият» («Формула власти»), муовини якуми директори генералии Агентии иттилоотии Русия «ТАСС» Михаил Гусман.
Ёдовар мешавем, ки Михаил Гусман 14-15 майи соли 2025 дар Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе иштирок намуд. Ӯ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии хоси миллати тоҷик дар ҳошияи ин форум изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ташкилкунандагони ҳамоиш миннатдорӣ баён намуд.
ВАО барои шаклгирии фазои иттилоотии муштарак муҳим аст
«Ба андешаи ман, воситаҳои ахбори омма (ВАО) барои робита ва шаклгирии фазои иттилоотии муштарак хеле муҳим ҳастанд», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Михаил Гусман.
Ба иттилои рӯзноманигори маъруфи рус, муовини якуми директори генералии Агентии иттилоотии Русия «ТАСС», дар замони ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии тамаддунҳо воситаҳои ахбори омма бояд ҳамчун пайвандгари халқҳо ва давлатҳо баромад намуда, кафили дӯстӣ ва рушди ҳамкорӣ байни давлатҳо бошанд.
«Масалан, дар Русия хеле муҳим аст, ки доир ба вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон бештар донанд ва ҳамчунин барои Тоҷикистон низ муҳим хоҳад буд, ки вобаста ба вазъи зиндагӣ дар Русия маълумот дошта бошанд. На танҳо барои ин ду давлат, балки дар маҷмуъ, ба тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воситаҳои ахбори омма имкон медиҳанд, ки ҳамдигарро бештар дарк намоянд», — изҳор дошт Михаил Гусман.
Мо ҳадафҳои умумии зиёд дорем
«Форуми дурӯзаи олимону зиёиёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе нишон дод, ки мо ҳадафҳои умумии зиёд дорем ва чӣ қадар муҳим аст, ки ин ҳамкориро ҳифз намоем», — афзуд Михаил Гусман зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар».
Ба андешаи муовини якуми директори генералии «ТАСС», баргузор намудани майдони мубоҳисавии «Имконоти воситаҳои ахбори омма дар рушди фазои башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар ҳошияи ин форум бори дигар нақши воситаҳои ахбори оммаро барои фароҳам овардани фазои дӯстона муҳим арзёбӣ намуд.
«Ҳарчанд мо дар давлатҳои алоҳида зиндагӣ дорем, вале бо вуҷуди ин, ҳамкорӣ ва ҳамгироии воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле муҳим аст, зеро он имкон медиҳад, ки фазои умумии дӯстона ҳифз карда шавад», — изҳор дошт Михаил Гусман дар идомаи суҳбат.
Баҳои баланд ба баргузории форум дар Душанбе
Рӯзноманигори маъруфи рус Михаил Гусман дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» ба сатҳи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳои баланд дода, ба Кумитаи тадорукот, пеш аз ҳама, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсоне, ки дар гузаронидани ин форум саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.
«Ман мехоҳам миннатдории махсуси худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонам, ки чунин ҳамоиш зери роҳбарияшон чун ҳамеша дар Душанбе дар сатҳи олӣ баргузор шуд», — изҳор дошт муовини якуми директори генералии Агентии иттилоотии Русия «ТАСС» Михаил Гусман дар интиҳои суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон — аввалин роҳбари сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистон, ки ба низоми президентӣ маънои миллӣ бахшиданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 14 ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
13 НОЯБР-РӮЗИ ТАЪСИСИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ШАҲНАВОЗ». Ин шабакаи мусиқӣ дар рушди фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Бахшида ба Рӯзи Президент китоби академик Фарҳод Раҳимӣ рӯнамоӣ гардид
Сокинони ноҳияи Восеъ соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони ноҳияи Ёвон тақдим гардид
Дар Душанбе Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд






