Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад

Май 6, 2025 13:33

ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14-15 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми  ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.

Мавзуи асосии форум «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкории башардӯстона» мебошад.

 Ҳамчунин дар мавзуъҳои «Саҳми мардумони Иттиҳод дар Ғалабаи бузург», «Анъанаҳо ва навовариҳо дар фарҳанги кишварҳои Иттиҳод», «Тамоюлҳои муосир дар илму маориф» ва «Имконоти воситаҳои ахбори омма дар рушди фазои башардӯстонаи Иттиҳод» мубоҳисаҳои гурӯҳӣ баргузор мешаванд.

Дар ҳошияи форум вохӯриҳои роҳбарони академияҳои илмҳои  миллӣ, ҷаласаи муштараки Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шурои ҳамкории башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд. Интизор меравад, ки дар ҳошияи форум ҷоизаҳои «Ситораҳои Иттиҳод» ва «Иттиҳоди дебютҳо» супорида шаванд.

 АКС: Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 

Май 6, 2025 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд