Муҳаммад Яллоу: «Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе барои Гамбия хеле муҳим аст»

Май 28, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро ба ҳузур пазируфтанд. 

«Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе барои мо хеле муҳим аст. Зеро мо медонем, ки обшавии пиряхҳо ба Гамбия, ки аслан ҳамагӣ дар баландии 60 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, кишвари ҳамвор аст, низ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ин конфронс барои мо низ муҳим аст ва мо ба   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоем, ки моро ба ин чорабинӣ даъват намудаанд»,- гуфт Муҳаммад Яллоу пас аз мулоқот.

Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия таъкид намуд, ки ду давлат дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони конфронси исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамоянд.

«Мо ҳамчунин пешниҳод кардем, ки равобит байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гамбияро дар заминаи тиҷорат ва дигар бахшҳо, тақвият ва таҳким бахшем. Инчунин таъсиси Комиссияи муштарак байни ду давлат муҳим арзёбӣ гардид», — гуфт дар анҷом Муҳаммад Яллоу.

Ёдовар мешавем, ки ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу барои иштирок дар аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд