Муҳаммад Яллоу: «Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе барои Гамбия хеле муҳим аст»
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро ба ҳузур пазируфтанд.
«Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе барои мо хеле муҳим аст. Зеро мо медонем, ки обшавии пиряхҳо ба Гамбия, ки аслан ҳамагӣ дар баландии 60 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, кишвари ҳамвор аст, низ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ин конфронс барои мо низ муҳим аст ва мо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоем, ки моро ба ин чорабинӣ даъват намудаанд»,- гуфт Муҳаммад Яллоу пас аз мулоқот.
Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия таъкид намуд, ки ду давлат дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони конфронси исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамоянд.
«Мо ҳамчунин пешниҳод кардем, ки равобит байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гамбияро дар заминаи тиҷорат ва дигар бахшҳо, тақвият ва таҳким бахшем. Инчунин таъсиси Комиссияи муштарак байни ду давлат муҳим арзёбӣ гардид», — гуфт дар анҷом Муҳаммад Яллоу.
Ёдовар мешавем, ки ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу барои иштирок дар аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






