Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото Ҷастис Нтоменг Ҷастина Маҷара мулоқот намуд

Май 30, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо муовини Сарвазири Шоҳигарии Лесото Ҷастис Нтоменг Ҷастина Маҷара баргузор гардид.

Зимни суҳбат  доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуда, зарурати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Лесото таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқот иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Лесото ҳамчун кишварҳои кӯҳии болооб дорои имкониятҳои муштарак дар бахшҳои гидроэнергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошанд. Муовини Сарвазири Тоҷикистон омодагии кишварро барои омӯзиши имкониятҳои ҳамкории муштарак, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои гидротехникӣ бо мақомоти марбутаи Лесото иброз дошт.

Ҷонибҳо инчунин зарурати таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқӣ ва таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникиро таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илм, кишоварзӣ, рушди саноати сабз ва табодули таҷриба дар соҳаи коркарди маҳсулоти хом ва истеҳсоли энергия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо мавқеи муштарак ва ё наздики худро дар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгирии Лесото аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»