Мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор шуд

Май 24, 2025 11:02

ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.

Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад. Инчунин барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда, тавассути воситаҳои ахбори омма тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ амалӣ менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда,  ҷавононро  даъват менамояд, ки ба ин навъи варзиш бештар машғул шуда, аз имконоти фароҳамовардашуда самаранок истифода намоянд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Май 24, 2025 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд