Нахустин маротиба дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд

Май 13, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Нахустин маротиба дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аз ҷониби табибони тоҷик ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ дар талхадон ва роҳҳои талхагузар бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Амалиёти ҷарроҳӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бо истифода аз дастгоҳи тиббии Ай Макс (Eye Max) гузаронида шуд.

Дастгоҳ истеҳсоли давлати Чин буда, бо истифода аз он дар гирифторони бемории санги талхадон, палипи талхадон, саратони роҳҳои талхагузар ва саратони сараки ғадуди зери меъда ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Мудири шуъбаи ташхису табобати Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо Сорбон Мусоев иброз намуд, ки чунин усули ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳи нодири Ай Макс дар Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин бор аст. Қаблан чунин ҷарроҳиҳо бо усули кушода, яъне ба тариқи буриши зиёди ҷисми бемор анҷом дода мешуданд.

Бо истифода аз ин усули нави ҷарроҳӣ чунин беморон метавонанд баъд аз 24 соати гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба хонаашон рухсат дода шаванд ва ҳамзамон зуд шифо ёбанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд