Нахустин нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Май 13, 2025 14:31

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар он роҳбарони вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Зимни ҳамоиш Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии муносибатҳои геополитикӣ омӯзишу таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ ҳамчун рукни асосии рушди ҳар ҷомеа аҳамияти хосса пайдо намудаанд.

«Ташкили ин нишаст ба мо имкон медиҳад, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мушкилоту имконотро якҷоя баррасӣ намуда, дар самти ҳамкории академӣ ва илмӣ қадамҳои устувор гузорем», — иброз намуд Вазири маориф ва илм.

Инчунин ба зарурати ҳамоҳангсозии низоми таҳсилотӣ, густариши лоиҳаҳои муштарак, таҳияи барномаҳои ҳамтаълимӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, таълими пайвастаи калонсолон ва ҳамкории илмӣ-амалӣ дар самти технологияҳои нав ишора карда шуд.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён «Оинномаи кории Механизми нишасти вазирони маорифи Чин — Осиёи Марказӣ» ва «Эъломияи Урумчӣ»-ро ба тасвиб расониданд. Ин санадҳо самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаро муайян намуда, аҳамияти омӯзиши забон, таҳқиқоти илмӣ, тарбияи муҳандисони соҳибтахассус ва мутахассисони рақобатпазирро дар бозори меҳнат таъкид менамоянд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ин нишаст маросими ифтитоҳи якчанд лоиҳаи муҳими муштарак, аз ҷумла таъсиси Паймони ҳамгироии истеҳсолот ва таҳсилоти «Чин – Осиёи Марказӣ», ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии такмили ихтисоси омӯзгорон, оғози фаъолияти маркази байналмилалии тиббӣ дар Остона, лабораторияҳои муштараки илмӣ ва имзои чандин ёддошту созишномаҳо байни муассисаҳои таълимии давлатҳо баргузор гардид.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2025 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид