Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё дар давлати Кувайт бо Директори генералии Шурои олимпии Осиё Ҳусайн Ал Мусаллам ва Ноиби Президенти Шурои олимпии Осиё Тани Абдулраҳман Ал Куварӣ вохӯрӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкории судманд ва тақвияти ҳамкории минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Шурои олимпии Осиё баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Шурои олимпии Осиё ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои ҳамешагӣ бобати рушди олимпӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






